Тибқи хулосаи ташхиси генетикӣ, шаҳрванди оташзадаву бесари дар яке аз деҳаҳои вилояти Ленинград дарёфтшуда шаҳрванди Тоҷикистон аст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд, шахсияти кушташуда низ муайян карда шудааст. Ӯ зодаи деҳаи Партизани ҷамоати Сайёди ноҳияи Шаҳритӯси вилояти Хатлон Бахтиёр Расулов мебошад. Рӯзҳои наздик пас аз баргузории ташхиси иловагӣ ҷасади мақтул ба ватан фиристода мешавад.
Ёдрас мекунем, ки ҳафтаи гузашта раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Маҳмадалӣ Ватанов аз макони содир шудани ҷиноят боздид кард.
Сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон Сафиалло Девонаев низ ҳафтаи гузашта бо роҳбари Сарраёсати ВКД-и Русия дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград Михаил Суходолский мулоқот кард. Дар рафти мулоқот ба масъалаи ҷараёни тафтишоти парвандаи ҷиноии қатли шаҳрванди Тоҷикистон Бахтиёр Расулов, ки миёни ҷомеа вокуниши ҷиддӣ ба бор овард, таваҷҷӯҳи хосса зоҳир карда шуд.
С.Девонаев аз мақомоти Русия дархост кард, ки дар ошкор сохтани ин ҷиноят дар фурсати наздиктарин ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани гунаҳкорон мусоидат намоянд. Суходолский ба намояндаи Тоҷикистон итминон дод, ки дар ин самт тамоми чораву тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд ва масъалаи мазкур таҳти назорати махсус қарор дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста