Соли гузашта дар муассисаҳои ислоҳотии Тоҷикистон далелҳои истифодаи шиканҷа ба қайд гирифта нашудааст ва дар ин хусус маълумоти расмӣ вуҷуд надорад, - гуфт зимни нишасти хабарӣ вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Менглиев.
Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки «барои беҳбуди шароити будубоши боздоштшудагону маҳбусон тамоми чораҳо андешида мешаванд. «Соли гузашта дар Тоҷикистон қонун «Дар бораи шароитҳои дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршудагон, айбдоршавандагон ва судшавандагон» мавриди амал қарор гирифта, дар чаҳорчӯби Барномаи беҳтар кардани заминаи моддиву техникии муассисаҳои ислоҳотӣ дар шаҳрҳои Хуҷанду Кӯлоб ва Хоруғ якчанд тавқифгоҳҳои муваққатӣ сохта шуданд», - гуфт вай.
Ба қавли вазири адлия, соли сипаригашта намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ, ВАО ва намояндагиҳои дипломатӣ аз муассисаҳои пӯшидаи ҷумҳурӣ боздид карданд ва сипас ҳисоботу андешаҳои онҳо дар васоити ахбори умум ба нашр расиданд.
Дар ҳамин ҳол, дар мавриди рафтори бераҳмона дар муассисаҳои ислоҳотии ҷумҳурӣ метавон аз қазияи марги маҳбуси 32-сола Исмоил Бачаҷонов мисол овард. Додгоҳ реҷаи адои ҷазо дар зиндони низомаш шадиди ӯро ба маҳбас иваз намуд. Ҳангоми ба вуқӯъ пайвастани ҳодиса Бачаҷонов ба боздоштгоҳи татфишотӣ оварда шуда, сипас ба камераи маҳбас фиристодани ӯ пешбинӣ гардида буд, вале баъди чанде зимни интиқол аз боздоштгоҳ ба Маркази тиббии Вазорати адлия ӯ ҳалок шуд.
Прокуратураи генералӣ аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз намуда, дар ҷараёни тафтишот ошкор гардид, ки дар марги маҳбус якчанд нафар кормандони боздоштгоҳ даст доранд.
Моҳи сентябри соли гузашта нисбат ба се нафар кормандони боздоштгоҳ ба иттиҳоми айбдорӣ дар содир намудани амалҳое, ки ба марги маҳбус оварда расониданд, ҳукм содир шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста