Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ гумонбаршуда ба узвият дар гурӯҳи ҷиноятпеша боздошт шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар доданд, чанде қабл зимни санҷиши маълумоти фаврӣ дар қаламрави ноҳияи Мастчоҳ сокини 46-солаи ҷамоати Оббурдон Г.Ф. боздошт шудааст.
Муайян карда шудааст, ки Г.Ф. бо пешниҳод ва супориши ҳамдиёрон Н.Т.-43-сола ва Ё.Н.-и 57-сола, ки барои куштор ва ташкили гурӯҳи ҷиноятпеша таҳти пайгарди қонунӣ қарор дорад, аввали моҳи октябри соли 1994 бо мақсади азхуд кардани улуми динӣ ва омӯзиши махсуси ҷосусӣ бо истифода аз шиносномаи шаҳрванди Эрон ғайриқонунӣ аз Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ рафтааст.
Пас аз таълими 7-моҳа Г.Ф. бо мақсади содир намудани як қатор амалҳои террористӣ ба ватан баргаштааст. «Аз рӯйи ин далел прокуратураи низомии Тоҷикистон нисбат ба Г.Ф. мутобиқи моддаи 187, қ. 2-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ) парвандаи ҷиноӣ боз намуда, он ба парвандаи ҷиноии дар соли 2002 бозшуда ҳамроҳ карда шуд ва тафтишот идома дорад», - гуфт манбаъ.
Ба итилои манбаъ, ба парвандаи асосӣ ҳамчунин боз ду парвандаи дигар – куштори ду нафар сокинони шаҳрҳои Хуҷанду Чкаловск бо истифода аз таппончаи Макаров дар соли 1994 ва қатли ду тан аз сокинони шаҳри Хуҷанд бо истифода аз автомати Калашников дар соли 1995 низ ҳамроҳ карда шуданд. Ҳамаи ин кушторҳо бо фармоиши ҳамон шахсон – Н.Т. ва Ё.Н. ба иҷро расонида шудаанд.
Бино ба маълумоти мақомоти прокуратураи вилояти Суғд, соли 2011 дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 135 нафар аъзои фаъоли созмонҳои динии ифротгароӣ ошкор карда шуданд.
Имтиёзҳои андозӣ ба корфармоҳое, ки шахсони дорои маъюбиятро ба кор мегиранд
Таътили баҳории хонандагони мактабҳо чанд рӯз давом мекунад?
Сироҷиддин Насриддинов – дипломат ва аввалин сафири Тоҷикистон дар Русия 85-сола шуд
ICB рушди футболи миллиро дастгирӣ мекунад
Тоҷикистон vs Ӯзбекистон. Чемпионат ва футболбозони ду кишвар чӣ қадар нарх доранд?
Имрӯз сокинони баъзе кӯчаву хиёбонҳои Душанбе то бегоҳ бебарқ мемонанд
Ҷаримаи 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар Душанбе
Тоҷикистон ба гурӯҳи кишварҳои хавфи пасти ифротгароӣ дохил шуд
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатии дурӯза ба Қирғизистон меравад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 марти соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста