ДуҲиндустон нияти таҳкими ҳамкориҳои низомӣ бо Тоҷикистонро дорад, - менависад нашрияи Zeenews.com бо истинод ба як манбаъ дар ҳукумати ин кишвар.
«Ҳиндустон бо Тоҷикистон дар барқарор намудани фурудгоҳи низомии Айнӣ, ки ба туфайли макони ҷойгиршавиаш дар наздикии Афғонистон мақоми стратегиро касб мекунад, ҳамкорӣ дорад», - гуфта мешавад дар хабар.
Зикр мегардад, ки изҳороти Ню-Дели дар бораи таҷдиди фурудгоҳи Айнӣ як қисмате аз барномаи кӯмак ба Тоҷикистон буда, бо назардошти ҷойгиршавии иншоот дар минтақаи муҳими Осиёи Марказӣ, он нақши муҳим дорад.
Дар хабар гуфта мешавад, айни замон дар Вазорати мудофиаи Ҳиндустон масъалаи сохтмони бемористон (госпитал)-и низомӣ дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дорад.
Қобили зикр аст, ки ба ин фурудгоҳ Русия, ки дар Қирғизистон пойгоҳи низомии ҳавоӣ дорад, низ ҳусни таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Фурудгоҳи низомии «Айнӣ» дар 20 километрии ғарби шаҳри Душанбе воқеъ буда, бо мусоидати Ҳиндустон дар чаҳорчӯби созишнома мавриди таҷдид қарор гирифт.
Моҳи декабри соли гузашта дар як қатор ВАО оид ба дар ҳамкорӣ бо Русия фурудгоҳро аллакай истифода бурдани нерӯҳои низомии ҳавоии Ҳиндустон маълумотҳо интишор шуданд,вале Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ин маълумотро рад сохта, изҳор кард, ки бо Ҳиндустон оид ба истифодаи муштараки фурудгоҳ ҳеҷ асноде ба имзо нарасидааст. Бино ба маълумоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, мутахассисони ҳиндие, ки корҳои таҷдиди фурудгоҳро идома медиҳанд, «то анҷоми тамоми корҳо» дар Тоҷикистон боқӣ хоҳанд монд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста