Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ аз тафсилоти ҳодисаи боздошти як ҷинояткори хафвнок дар автовокзали шаҳри Душанбе маълумот дод.
Бино ба маълумоти ВКД ҶТ, дарвоқеъ ҳам дар автовокзали пойтахт амалиёти вижаи боздошти ҷинояткори хафвнок, роҳбари гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша, сокини ноҳияи Ваҳдат Худойназар Одинаеви 44-сола доир гардид, ки аз соли 1995 ба гумони даст доштан дар содир намудани ҷиноёти ғоратгарӣ, авбошӣ, куштор ва бандитизм таҳти пайгарди қонунӣ қарор дошт.
«Одинаев талаби таслим шудан аз ҷониби кормандони милисаро сарфи назар карда, аз кисааш норинҷак баровард. Бо назардошти ҷойи серодам будани автовокзал ва пешгирии талафоти ҷонии имконпазир, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба сӯйи ӯ тир кушоданд. Норинҷак дар паҳлӯи ӯ афтода, инфиҷор рух дод», - гуфтанд дар ВКД,
Ба иттилои манбаъ, бар асари инфиҷор Одинаев ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, чанде баъдтар ба ҳалокат расидааст. Ҳеҷ яке аз кормандони милиса ва шаҳрвандон осеб надиданд.
Зикр гардид, ки пас аз боздошти 5 нафар аъзои гурӯҳи Одинаев пайгирии ӯ муяссар шудааст. Тахмин меравад, ки яке аз ҷиноятҳои ахирро гурӯҳи мазкур моҳи марти соли равон дар назди корхонаи истеҳсоли арматураи пойтахт содир намудааст, ки дар он шаҳрвандони Чин мавриди латукӯб ва ғорат қарор гирифта буданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста