Рӯзҳои 12-13-уми апрел бо дастгирии Дафтари САҲА барои кормандони воҳидҳои махсуси Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ оид ба омӯзиши тарзу воситаҳои роҳандозии гуфтушунид бо террористони эҳтимолӣ бо мақсади озод кардани гаравгонон тамринҳои тактикӣ созмон дода мешаванд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Дафтари САҲА дар шаҳри Душанбе хабар доданд, тамринҳои мазкур дар доираи тренинги «Омодагии тактикии ҳайати раҳбарии воҳидҳои махсуси ВКД ҶТ» гузаронида мешавад, ки аз ҷониби Шуъбаи мубориза бо терроризм ва кор бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Дафтари САҲА дар Тоҷикистон (рӯзҳои 4-12-уми апрел) созмон дода шудааст.
Дар ҷараёни баргузории тренинг коршиносони байнулмилалӣ кормандони воҳидҳои махсуси ВКД ҶТ-ро бо тарзу усулҳои асосии тарҳрезии тактикии амалиёти мубориза бо терроризм ошно сохта, оид ба роҳандозии гуфтушунид бо террористон, тарзи амалӣ сохтани тирандозии нишонрас ва озодии гаравгонон машғулиятҳо доир сохтанд.
Дар ҳамин ҳол, ба масоили риояи ҳуқуқи инсон дар ҳошияи мубориза бо терроризм ва дар фаъолияти воҳидҳои махсус ҷорӣ намудани усулҳои демкоратии фаъолият таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.
Ба гуфтаи Оливер Янсер, мушовири Дафтари САҲА оид ба масоили мубориза бо терроризм ва кор бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, «кормандони воҳидҳои махсуси ВКД Тоҷикистон аз таҷрибаи назарраси мубориза бо терроризм бархӯрдоранд ва тренинги мазкур танҳо барои таҳкиму сайқал додани малакаву қобилиятҳои мавҷуда ва мусоидат ба тақвияти ҳамкориҳои идорӣ ва минтақавӣ дар ин самт равона шудааст».




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста