Фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо дар ҷаласаи навбатии 67-уми Шӯрои фармондеҳони нерӯҳои марзбонии кишварҳои узви ИДМ, ки санаи 26-уми апрел дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон доир мегардад, ширкат хоҳад варзид.
Бино ба маълумоти расида аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон, дар ҷаласа масоили ҳамкории сохторҳои марзбонии кишварҳои ИДМ, аз ҷумла таъсиси нуқтаҳои абонентии низоми худкори табодули маълумот ҷиҳати мубориза алайҳи терроризму ифротгароӣ ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ дар марзҳои давлатӣ матраҳ мегарданд.
Рӯзи дигар, 27-уми апрел, дар шаҳри Остонаи Қазоқистон ҷаласаи навбатии котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор мегардад, ки дар он аз Тоҷикистонро намояндагӣ кардани котиби Шӯрои мнияти ҷумҳурӣ Абдураҳим Қаҳҳоров интизорӣ меравад.
«Масъалаи андешидани тадбирҳои муштарак оид ба пешгирии таҳдиду чолишҳо ба амнияти дастаҷамъӣ, ки ба вазъ дар минтақаи масъули СААД таъсири назаррас мерасонанд, дар маркази таваҷҷуҳи иштирокдорони ҷаласа қарор хоҳад гирифт», - хабар медиҳад хадамоти матбуоти СААД.
Ёдрас мекунем, ки Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ 15-уми майи соли 1992 таъсис ёфта, давлатҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон узви он мебошанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста