Ҳафтаи гузашта дар машқгоҳи Фахробод бо иштироки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон тамринҳои зиддитеррористӣ баргузор шуданд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, тамринҳо бо мақсади такмили ихтисоси ҳайати шахсӣ, фаъолияти муштараки сохторҳои қудратии мамлакат дар ҳолатҳои фавқулода, безараргардонии гурӯҳҳои террористӣ ва озод намудани гаравгонҳо, безараргардонии гурӯҳҳои муташаккили нашъаҷаллоб ва террористӣ дар иқлими кӯҳӣ доир карда шуданд.
Ба иттилои манбаъ, дар машқҳои фармондеҳии ситодӣ ва тактикӣ-амалии саҳроӣ кормандони Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, сарбозону афсарони Гвардияи миллӣ, кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ ва намояндагони воҳидҳои махсуси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ иштирок карданд.
Аз машқҳо вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимов, роҳбарони як қатор мақомоти қудратӣ, намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ, ВАО ва ғайра боздид карданд.
Қобили зикр аст, ки тамрину машқҳои пайваста беҳтарин омили баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва малакаву таҷрибаи ҳайати шахсӣ ба шумор рафта, монеа ва душвориҳое, ки дар он омӯхта мешаванду камбудиҳои фаъолият дар ин самт ислоҳ мегарданд, дар амалия кор осону ҳеҷ мушкилие садди роҳ намегардад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста