Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон зимни гуфтушунид дар Исфара бобати ҳодисаи ба гаравгон гирифтани шаҳрвандони тоҷик аз ҷониби 10 нафар шаҳрвандони Қирғизистон дар вилояти ҳаммарзи Ботканд ба мувофиқа расиданд, ки ин қазия дақиқан мавриди тафтиш қарор гирифта, гунаҳкорон ҷазои сазовор хоҳанд гирифт.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Исфара хабар дод, дар гуфтушунидҳо аз ҷониби Қирғизистон муовини вазири корҳои дохилии Қирғизистон Курсан Асанов ва муовини раиси вилояти Ботканд Саидҷон Эратов иштирок доштанд.
Ҷонибҳо ҳамчунин ба мувофиқа расиданд, ки тафтишоти парвандаи се нафар шаҳрвандони Қирғизистон, ки дар вилояти Суғд бо симоб дастгир шуда буданд, низ бидуни ғаразе анҷом дода хоҳад шуд.
Ёдрас мекунем, ки чанде қабл дар вилояти Ботканд 17 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон гаравгон гирифта шуда буданд. Ҳадафи ин амал ивази онҳо ба се нафар қирғизистониҳо буд, ки бо 103 кило симоб дар вилояти Суғд дастгир шуда буданд. Гаравгонон озод карда шуда буданд.
Дар Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кмитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» гуфтанд, айни замон марзи Тоҷикистону Қирғизистон таҳти назорат қарор дошта, вазъ орому осуда аст. «Қарор шуд, ки баҳри пешгирии ҷинояткорӣ дар марз намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон дар як моҳ як маротиба вомехӯранд», - гуфт манбаъ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста