Вазорати мудофиаи Русия тасмим гирифт, ки маблағгузорӣ ба рушди пойгоҳи низомии 201-ум дар Тоҷикистонро алҳол мутаваққиф созад, зеро «гуфтушунид доир ба масоили будубоши он дар қаламрави Тоҷикистон пас аз соли 2014 ба мушкилӣ ҷараён дорад».
Бино ба маълумоти хабаргузории «Интерфакс», сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Русия, генерали артиш Николай Макаров дар робита ба ин масъала гуфтааст, «гуфтушунид дар ин хусус ба мушкилӣ ҷараён дорад, вале мо умедворем, ки дар ниҳояти кор ақли солим ғолиб хоҳад омад».
Ӯ хотирнишон сохтааст, ки миёни ду кишвар дар хусуси имзои протокол оид ба дароз кардани муҳлати будубоши пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар қаламрави Тоҷикистон баъди соли 2014 мувофиқа ҳосил шуда, имзои он дар семоҳаи аввали соли 2012 пешбинӣ гардида буд.
«Мутаассифона, ин нақшаҳо амалӣ нашуданд. Тоҷикистон ногаҳон якравӣ карда, мо маҷбур шудем, ки то возеҳу аён шудани вазъ маблағгузорӣ барои ободонии пойгоҳро боздорем», - таъкид кардааст генерали рус.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста