Субҳи имрӯз вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев ба Русия сафар кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ иттилоъ дод, сафари вазири мудофиаи кишвар то 8-уми июл идома ёфта, дар ҷараёни он Шералӣ Хайруллоев дар кори ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ, ки рӯзи 5-уми июл таҳти раёсати вазири мудофиаи Русия Анатолий Сердюков дар шаҳри Калининград доир мегардад, ширкат хоҳад варзид.
Ба иттилои манбаъ, дар доираи сафар вазири мудофиаи Тоҷикистон бо як қатор ҳамтоҳои худ аз кишварҳои узви ИДМ мулоқот анҷом хоҳад дод.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар кори ҷаласаи мазкур иштироки ҳайати вазоратҳои мудофиаи Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Украина дар назар аст.
Ба рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ беш аз 20 масоили марбут ба ҳамкориҳои шариконаи бисёрҷониба дар самтҳои гуногун, аз ҷумла тартиби истифодаи имконоти дастгоҳҳои кайҳонии таъиноти иқтисодии Қувваҳои Мусаллаҳи Русия ба манфиати Қуввваҳои Мусаллаҳи кишварҳои узви иттиҳод, масоили бунёд ва такмили низомҳои муттаҳидаи муштараки таъиноти низомӣ, роҳандозии ҳамкории воҳидҳои низомии муҳандисии кишварҳо, тасдиқи Нақшаи ҳамкории муштараки воҳидҳои нерӯҳои дифои зиддиҳавоӣ, муайян намудани самтҳои фаъолият дар кори тарбияи ватандӯстӣ ва рушди варзиш дар Қувваҳои Мусаллаҳи давлатҳо ворид шудаанд.
Ҳамчунин дар ҷаласа оид ба ҳавасандсозӣ ва бо мукофотҳо қадрдонӣ кардани хизматчиёни низомӣ ва шаҳрвандони кишварҳои узви ИДМ дар робита ба 20-солагии таъсиси Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ қарор қабул мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста