Дар вилояти Суғд то ҳанӯз тамоили афзоиши ҳодисаҳои худкушӣ ба мушоҳида мерасад.
Бино ба маълумоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, нимсолаи аввали соли равон дар қаламрави минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 159 ҳодисаҳои даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 38 ҳодиса бештар аст.
Миёни шаҳрвандоне, ки даст ба худкушӣ задаанд, 87 нафарашонро мардону 10 танро писарони ноболиғ ва 72 нафарро занону 14 танро духтарони ноболиғ ташкил медиҳанд.
Гуфта мешавад, чанде қабл дар шаҳраки Адрасмони шаҳри Қайроққум ҷасади духтари 8-солаи дар дор овехташуда дарёфт гардидааст.
«Зимни азназаргузаронии ҷасади духтар аломатҳои марги маҷбурӣ пайдо карда нашуда, айни замон сабабҳои ба ин амал даст задани духтарчаи фавтида мавриди таҳқиқ қарор доранд», - гуфтанд дар РВКД ҶТ дар вилояти Суғд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста