Тибқи иттилои ғайрирасмӣ, зимни амалиёти махсуси низомӣ дар шаҳри Хоруғ муовини сардори Раёсати умури дохилӣ дар гурӯҳи ноҳияҳои Рашт Муҳаммадшоҳ (Шоҳ) Искандаров кушта шудааст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз як манбаъ дар сохторҳои қудратии кишвар маълум шуд, ҳанӯз як моҳ пеш Шоҳ Искандаров, Мирзохӯҷа Аҳмадов (собиқ роҳбари шуъбаи минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташаккил) ва ҳамроҳони ӯ барои таҳкими марзҳо бо Афғонистон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафарбар шуда будаанд.
Яке аз наздикони Аҳмадов гуфт, ӯ чанд соате қабл бо Аҳмадов дар тамос шуда, вале феълан алоқа қатъ гардидааст.
Ёдрас мекунем, ки тирамоҳи соли 2010 М.Аҳмадов ва наздикони ӯ дар ҳамдастӣ бо нерӯҳои ҳукуматӣ дар амалиёти нобуд кардани дастаи ҷиноятпешаи Мулло Абдулло дар водии Рашт иштирок карданд.
Шоҳ Искандаров яке аз ширкаткунандагони асосӣ дар гуфтушуниди мақомоти давлат дар тирамоҳи соли гузашта бо гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Рашт будааст, ки баъд аз он мусаллаҳон ба халъи силоҳ ва қатъи муқовимат ризоият доданд.
Муҳамадшоҳ Искандаров 30-юми октябри соли 1968 дар совхози Туркманистони вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (факултаи ҳуқуқшиносӣ) ва Академияи хадамоти федералии марзбонии Русия аст. Собиқ қумондони Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик. Соли 1999 қумондони посгоҳи марзии Ҷиргатол таъин шуд. Полконики нерӯҳои марзбонӣ аст.
Ҳамчунин ба сифати муовини сардори ситоди нерӯҳои марзбонӣ ифои вазифа намудааст. Санаи 4-уми апрели соли 2011 ба мансаби муовини сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт таъин гардид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста