Дар зарфи 8 рӯз аҳолии шаҳри Хоруғ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ихтиёрӣ беш аз 500 адад яроқу аслиҳа супурд, - гуфт дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти ВКД Маҳмадулло Асадуллоев.
Ба гуфтаи ӯ,чанде қабл як миқдори калони яроқ ва силоҳи оташфишон аз аҳолӣ мусодира карда шуда, ин яроқу аслиҳа асаосан аз навъҳои гуногуни автомати Калашников, норинҷак, миқдори зиёди тирҳо аз зермили гулӯлаандоз, пулемёт, яроқҳои суфтамил, таппонча, тирдон ва тирҳои гуногунтамға ва дигар яроқу лавозимоти ҷангӣ иборатанд.
Намояндаи Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ таъкид кард, ки ҷараёни халъи силоҳ дар Хоруғ бо мусоидати фаъолонаи рӯҳониёни маъруф, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, зиёиён ва афроди ҷудогона сурат мегирад.
«Айни замон барои ҷорӣ кардани тартибот дар кӯчаҳои шаҳри Хоруғ тадбирҳои махсус андешида мешаванд», - гуфт вай.
Чанде пештар ба майдони ҷаримаи шаҳри Хоруғ 20 адад автомашина оварда шуданд, ки дар қаламрави шаҳр бидуни иҷозати дахлдор, шишаҳои сиёҳшуда ва ё рақамҳои сохташуда ҳаракат мекарданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста