Нимаи дуюми дирӯз дар назди бинои ҳукумати вилоят дар шаҳри Хоруғ дар робита ба куштори пешвои ғайрирасмии Бадахшон Имомназар Имомназаров гирдиҳамоӣ идома ёфт. Ҷасади кушташуда низ аввал ба майдони Ваҳдат оварда шуда, сипас ба хок супурда шуд.
Ба андешаи коршиносони маҳаллӣ, шумори тазоҳургарон якчанд ҳазор нафарро ташкил медод. Дар гирдиҳамоӣ аз истеъфои раиси ВМКБ ва интихоби роҳбари соҳибэҳтиром аз ҷониби худи мардум сухан меравад. Тазоҳургарон ҳукуматдоронро ба даст доштан дар куштори И.Имомназаров ва ҳамчунин риоя накардани шартҳои ҳосилшуда дар гуфтушунид оид ба халъи силоҳ ва хурӯҷи нерӯҳои низомӣ айбдор мекунанд.
Дар гирдиҳамоӣ роҳбари Бунёди Оғо Хон дар Тоҷикистон Ёдгор Файзов низ суханронӣ кард. «Имомназар Имомназаров марди ҳақиқӣ буда, бо итоат ба дархости Оғо Хон силоҳашро таслим намуд ва то ба ҳалокат расидан онро дигар ба даст нагирифт, - гуфт вай. – Имомназаров метавонист дар гирду атрофаш одамони зиёдеро ҷамъ оварда, онҳоро мусаллаҳ созад, вале ӯ ба ин амал даст назада, шаби ҳамла наздаш касе набуд».
Роҳбари Бунёди Оғо Хон дар Тоҷикистон ҳамчунин гуфт: «Имрӯз мо боифтихор метавонем бигӯем, ки мардуми Бадахшон тамоми талаботи ҳукуматдоронро ба иҷро расонид. Аз ин баъд мардуми ин сарзамин комилан ҳуқуқ доранд, ки хурӯҷи нерӯҳои низомиро талаб намоянд. Мардум худ тақдирашро ҳал хоҳад кард. Ҷавонони мо худашон тартибот дар шаҳрро таъин мекунанд. Айни замон мо бо ҳукуматдорон доир ба хурӯҷи нерӯҳои низомӣ ба мувофиқа расидем».
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои радиои «Озодӣ», сокинони деҳоту маҳаллаҳои аҳолинишини наздики шаҳри Хоруғ ва Рӯшон низ ба сафи эътирозгарон мепайванданд. Ин манбаъ менависад, сокинони шаҳр ба нишони эътироз ва нобоварӣ ба ҳукумати Тоҷикистон ба сохтани сангарҳо дар кӯчаҳои шаҳр оғоз намудаанд.
Ёдрас мекунем, ки субҳи дирӯз ҳудуди садҳо нафар ҷавонон, ки дар маросими ба хок супурдани Имомназар Имомназаров ҳузур доштанд, назди бинои ҳукумати вилоят дар шаҳри Хоруғ гирдиҳам омаданд. Аз издиҳом ба суӣ бино сангафканӣ оғоз гардид. Дар посух тирпарронӣ сурат гирифта, дар натиҷа ду тан аз тазоҳургарон аз пояшон захмӣ шуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста