Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд мулоқоти роҳбарони идораҳои зиддимухаддиротии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар масъалаҳои ҳамкориҳои марзӣ, ки бо пуштибонии барномаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя доир гардида буд, ба поён расид.
Тавре аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ хабар доданд, дар ҷаласа аз номи Тоҷикистон директори АНМН, генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров ва аз номи Қирғизистон раиси хадамоти назорати маводи мухаддири назди Ҳукумати ҶҚ, генерал-лейтенант Кенешбек Душебаев суханронӣ карда, таъкид намуданд, ки баргузории чунин ҷаласаҳои якҷоя барои таҳкими ҳамкориҳо дар мубориза бо мухаддирот, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, инчунин дигар таҳдидҳои вобаста ба ноором сохтани вазъият дар минтаъқа имконият фароҳам месозанд.
Роҳбари дафтари минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ Стивет Монак дар бораи фаъолияти РСММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар бораи ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи минтаъқа дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ба иштирокчиёни ҷаласа маълумот дод.
Дар бораи ҳамкориҳои ин ду мақомот дар доираи ташаббусҳои АҚТ баромади Роҳбари дафтари минтақавии РСММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Қирғизистон Александр Федулов ва Ҳамоҳангсози РСММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон Алӣ Саряздӣ шунида шуд.
Дар ҷараёни мулоқот ширкаткунандагон ба таҳкими ҳамкориҳо ва ҳамоҳангсозии кӯшишҳои якҷоя дар масъалаҳои ошкорсозӣ ва пешгирии роҳҳои ғайриқонунии таҳвили маводи мухаддир, фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили трансмиллӣ, табодули ахбори оперативӣ ва маълумотӣ, ташкил ва баргузории чорабиниҳои муштараки опреативӣ-ҷустуҷӯӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуданд.
Дар поёни нишаст ҷонибҳо ба Протокол имзо гузоштанд. Қарор аст мулоқоти навбатии кории роҳбарони сохторҳои зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон моҳи июли соли 2013 дар шаҳри Бишкек доир гардад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста