Дирӯз дар Душанбе амалиёти нест кардани аслиҳаи сабуки оташфишон, ки бо дастагириии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон доир мегардад, оғоз гардид.
Аз Дафтари САҲА дар ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки амалиёти дурӯза дар Раёсати таъминоти моддиву техникӣ ва низомии ВКД ҶТ баргузор мегардад.
«Бо истифода аз техникаи буридани аслиҳа, ки замоне аз ҷониби САҲА ворид гардида буд, мутахасссисони вазорат дар маҷмӯъ 609 дад аслиҳаро, ки дар ҷумҳурӣ шурӯъ аз соли 2012 ҷамъоварӣ гардида буд, нобуд месозанд», - гуфт манбаъ.
Ба гуфтаи манбаъ, қисмати асосии ин аслиҳа зимни ҷараёни ихтиёран таслим гамудани яроқ дар ВМКБ, ки тайи чанд ҳафтаи ахир идома дошт, ҷамъоварӣ гардид.
«Нобуд кардани аслиҳаи сабуки оташфишон ба коҳиши хатари паҳн шудани аслиҳа нигаронида шуда, барои таъмини амният дар Тоҷикистон саҳми назаррас мегузорад», - иброз дошт роҳбари шуъбаи ҳарбӣ-низомии Дафтари САҲА дар ҷумҳурӣ Алэстер Ливингстон зинми боздид аз коргоҳ оид ба нобуд сохтани аслиҳа.
Дар ҳамин ҳол, намояндаи ВКД ҶТ генерал-майор Фарҳод Шодмонбеков изҳор кард, ки САҲА дар бунёди имконот оид ба нобуд кардани аслиҳаи сабуки оташфишон дар Тоҷикистон ва барузории ин амалиёт нақши муҳим дошта, аз байн бурдани аслиҳаи ғайриқонунӣ ва яроқи зиёдатӣ дар таъмину сулҳу субот нақши ҳалкунанда дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста