Дар рӯзи аввали оғози маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ 10 нафар нахустин ихтиёрини Кӯлоб ба хизмат раҳсипор шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» комиссари ҳарбии минтақаи Кӯлоб подполковник Суҳроб Аҳмедов хабар дод, дар ин маърака ба сурати умум наздики 70 нафар ҷавонон ихтиёран ба хизмат рафтанро хоҳиш кардаанд. «Рӯзи аввал танҳо 10 нафар аз ихтириёнро даъват кардем», - гуфт комиссар ва илова намуд, ки дар рӯзи аввал 40 нафар даъватшавандагон аз муоинаи тиббӣ мегузаранд.
Ба гуфтаи ӯ, дар мавсими даъвати баҳории соли равон аз Кӯлоб 205 нафар ҷавонон ба хизмат дар сафи Қуввваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ фиристода шуданд. «Мо боварии комил дорем, ки даъвати тирамоҳӣ низ дар сатҳи шоиста доир хоҳад гардид», - афзуд номбурда.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти шаҳрдории Кӯлоб ба даъватшавандагон сарулибос тақдим намуда, барои онҳо зиёфат орост ва консерт намоиш дода шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста