Омори ҳодисаҳои худкушӣ дар вилояти Суғд нигаронкунанда боқӣ мемонад: дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳодисаҳои худкушӣ дар соли равон 134 ҳолат афзудаанд.
Бино ба маълумоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, дар зарфи 9 моҳи соли равон дар қаламрави шаҳру навоҳии минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 222 ҳодисаи худкушӣ, аз ҷумла 73 ҳодисаи кӯшиши худкушӣ сабт шудааст. Дар ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда ба 188 ҳодиса баробар буд.
Соли равон 118 нафар мардон (14 писари ноболиғ) ва 104 нафар занон (26 духтари ноболиғ) қасди худкушӣ кардаанд.
Ба иттилои манбаъ, 52 нафар сокини вилоят бинобар сабаби беморӣ, 37 нафар дар натиҷаи ҷанҷоли оилавӣ ва 6 нафар бар асари вазъи душвори молиявӣ даст ба худкушӣ зада, боз 127 нафари дигар бо сабабҳои дигар ба ин амал рӯ овардаанд.
Аз ин миқдор 149 нафар тавассути худро ба дор овехтан, 40 нафар бо роҳи заҳролудшавӣ, 6 нафар тариқи худсузӣ, 12 нафар ба воситаи буридани рагҳо ба ин амал даст зада, 11 нафар худро ғарқ кардаанд.
Соли равон дар вилоят нисбати 10 нафар (соли 2011 -15 нафар) барои то ба худкушӣ оварда расонидан парвандаҳои ҷиноӣ боз шуданд.
Ҳодисаи ахири худкушӣ аввали ҳафтаи равон рух дод. Тахминан соатҳи ёздаҳи шаб сокини ҷамоати Далёни Болои ноҳияи Ғончӣ, як зани 29-сола дар оғили хонааш худро ба дор овехтааст. Мақомоти прокуратура сабаби ба ин амал даст задани ҷавонзанро таҳқиқ мекунад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста