Сарраёсати иҷрои ҷазо (СИҶ)-и Вазорати адлия ифтитоҳи нақби «Шаҳристон»-ро интизор аст, то ки ҳудуди 150 нафар маҳбусонро аз вилояти Суғд ба минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ интиқол диҳад.
Тавре як манбаъ аз сарраёсати мазкур иттилоъ дод, интиқоли маҳбусон тавассути роҳи автомобилгард воситаи ягонаи интиқол аст, зеро кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон ба ин кор тавассути роҳи оҳан иҷозат надода, роҳи оҳани Душанбе-Ҳуҷанд қаламрави ин кишварро низ убур мекунад. Дар Сарраёсат интиқоли маҳбусон тавассути ҳавопайморо масрафнок медонанд.
Ба иттилои манбаъ, cокинони Душанбе, ки дар вилояти Суғд даст ба ҷиноят задаанд, бояд пас аз 10 рӯзи ҳукми қонунӣ гирифтани ҳалномаи додгоҳ, бояд ба Душанбе ё вилояти Хатлон фиристода шаванд.
Ба гуфтаи ӯ, дар вилояти Суғд муассисаҳои ислоҳотӣ барои занон, ноболиғон ва афроде, ки бори нахуст даст ба ҷиноят задаанд, мавҷуд набуда, танҳо муассисаҳои ислоҳотии низоми қатъӣ ва шадид амал мекунанд.
«Аз ин рӯ, мо маҷбурем, ки алҳол маҳбусонро дар вилояти Суғд нигоҳ дорем. Айни замон мо ифтитоҳи нақби «Шаҳристон»-ро интизорем», - гуфт манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ, мувофиқи нақшаи ҳукумати ҷумҳурӣ, 23-юми октябри соли равон бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маросими расмии мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани нақби «Шаҳристон» баргузор мешавад.
Нақби «Шаҳристон» дар километи 180-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд, миёни ноҳияҳои Айниву Шаҳристон воқеъ буда, дарозии он 5 ҳазору 253 метрро ташкил медиҳад. Сохтмони нақби мазкур расман санаи 2-юми августи соли 2006 оғоз гардид.
Арзиши сохтмони нақб тибқи лоиҳа 175 млн. сомонӣ (51,7 млн. $)-ро ташкил медиҳад. Сохтмони нақби мазкур яке аз қисматҳои лоиҳаи азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ маҳсуб меёбад. Паймонкори генералии сохтмони нақб ширкати чиноии China Road аст.




Аз мубориза бо ифротгароӣ то бозшавии сарҳад. 15 маводи пурхонандаи бахши тоҷикии “Азия-Плюс” дар соли 2025
Масоили иҷтимоӣ ё дасти хориҷӣ? Талаби эътирозгарон дар Эрон ва посухи роҳбарони ин кишвар ба онҳо
16 сол пеш фурӯши саҳмияҳои “Роғун” оғоз гардид. Чӣ қадар маблағ ҷамъ шуд ва саҳмияҳо кай фоида меоранд?
Ҷаримаи ду корманди шабакаҳои тақсимоти барқ дар Ҳамадонӣ ва Ваҳдат барои “дуздӣ”-и барқ
Маҳмурод Ашӯров баъди нашри гузориши “Азия-Плюс” Назурбибиро пайдо кард
Шаби Соли нав дар Тоҷикистон наздики 700 кӯдак таваллуд шудааст
18 довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА дар соли 2026 ворид шуданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Соли 2026 дар Тоҷикистон кадом роҳҳо сохта мешаванд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 январи соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста