Шоми рӯзи сешанбе ҳайати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия бо роҳбарии Вазири корҳои дохилии ин кишвар генерал-лейтенанти политсия Колокольцев Владимир Александрович бо мақсади гузаронидани Мушовараи навбатии якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ба Тоҷикистон ташриф оварданд.
Меҳмонони олиқадрро дар фурудгоҳи байналмилалии ш. Душанбе Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Рамазон Ҳамроевич пешвоз гирифт.
Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия кори худро субҳи имрӯз оғоз хоҳад кард, ки дар он масъалаҳои ҳамкориҳои муштараки Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар мубориза бар зидди экстремизм, ошкор ва пешгирии фаъолияти гурӯҳҳои ҷинояткори муташаккил ва иттиҳодияҳое, ки робитаҳои трансмиллӣ доранд, мавриди муҳокима қарор дода хоҳанд шуд. Ҳамзамон дар ҷараёни ҷаласа дурнамои ҳамкориҳои муштараки Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия барои соли 2013 баррасӣ мегардад.
Тавре қаблан иттило дода будем, ҷаласаи Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ҳамасола, аз соли 1998 инҷониб дар қаламрави ин ду давлат (Тоҷикистону Россия) баргузор мегардад, ки ин аллакай чаҳордаҳумин Мушовараи якҷоя ба шумор меравад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста