Созмони байнулмилалии Афви байнулмилал (Amnesty International) бори дигар аз тамоили дар солҳои ахир рабуда шудан ва ба тариқи зӯроварӣ ба Тоҷикистон баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистони ҷӯёи паноҳгоҳ дар Русия изҳори нигаронӣ менамояд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Amnesty International иттилоъ доданд, ҳодисаи ахири ба ин монанд ба Абдулвосит Латифов («Қорӣ Восит») марбут буда, дар созмон бар ин назаранд, ки ӯ баъди озод шудан аз тавқифгоҳи тафтишотии шаҳри Волгоград рабуда шуда, маҷбуран ба Тоҷикистон фиристода шудааст. «Мо аз ҳукуматдорони Русия даъват мекунем, ки ҳодисаи рабуда шудани Латифов фавран ва беғаразонаву мунсифона мавриди тафтиш қарор дода шавад», - зикр мекунанд хомиёни ҳуқуқ.
Amnesty International ҳамчунин аз тақдири шаҳрванди дигари Тоҷикистон Исмон Азимов, ки имрӯз аз боздоштгоҳи махсус барои шаҳрвандони хориҷӣ озод карда мешавад, низ изҳори нигаронӣ менамояд.
«Исмон Азимови 33- сола узви ҳаракати мухолифи «Ватандор, бародари хурдии яке аз узви Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик буда, барои кӯшиши барҳам додани сохти конститутсионӣ ду маротиба маҳкум шудааст ва аз эҳтимол дур нест, ки ӯ низ аз ҷониби хадамоти махсуси Тоҷикистон рабуда шуда, ба ватан фиристода мешавад ва ӯро дар он ҷо метавонад шиканҷаву маҳрумият аз озодӣ ба муддати тӯлонӣ интизор бошад», - чунин мешуморанд дар созмон.
Дар ҳарду ҳолат ҳам Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон чораҳои таъминотӣ содир намуд, ки худдорӣ варзидани Русия аз истирдоди ин шахсон то баррасии пурраи парвандаи онҳо аз ҷониби суди мазкурро тақозо мекунад.
Amnesty International ҳодисаи марбут ба Савриддин Ҷураевро хотиррасон мекунад, ки 20-уми майи соли 2011 аз ҳабс дар Русия озод шуда, 31-уми октябри ҳамон сол рабуда шуд. Сипас ӯ гӯё 1-уми ноябри соли 2011 бидуни шиноснома бо гувоҳномаи шахси ҷӯёи паноҳгоҳ аз фурудгоҳи Маскав ба Душанбе парвоз кардааст. Сарфи назар аз исрори бегуноҳӣ, 19-уми апрели соли 2012 ӯ ба муҳлати 26 соли зиндон маҳкум гардид. Ӯ ҳамчунин ба Amnesty International хабар додааст, ки ҳангоми дар боздоштгоҳ қарор доштан мавриди шиканҷаву кирдори бераҳмона қарор гирифтааст.
Созмони Афви байнулмилал ҳамчунин зикр мекунад, ки шаҳрванди дигари пас аз озодӣ бедаракшудаи Тоҷикистон Низомхон Ҷӯраев мебошад. Ин ҳодиса рӯзи 29-уми марти соли равон ба вуқӯъ пайваста, пас аз чанд рӯз ӯ дар Душанбе дарёфт гардид. Ин ҳам дар ҳолест, ки баррасии парвандаи ӯ дар Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон то ҳанӯз ба анҷом нарасидааст.
Анна Ставитская, ҳимоятгари русиягии Низомхон Ҷӯраев дар робита ба ин ҳодиса изҳор карда буд, ки ба ихтиёран ба ватан баргаштани зерҳимояаш шубҳа дорад, зеро то рӯзҳои охир ӯ ба Тоҷикистон баргаштанӣ набуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста