Корхонаи воҳиди давлатии «Заря Востока» метавонад боз ба корхонаи истеҳсоли маҳсулоти низомӣ барои кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) табдил дода шавад.
Директори корхона Қаюмҷон Маҳмудов дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки «Заря Востока» ягона корхонаи боқимонда дар назди СААД ҳамчун корхона барои саноати низомиву техникӣ ба рӯйхат шомил гардида, минбаъд истифодаи он аз рӯи таъинот пешбинӣ гардидааст.
Ба қавли Маҳмудов, айни замон корхона ба истеҳсоли маводи ниёзи мардум машғул аст, вале ин ба дубора бозгаштан ба тавлиди маҳсулот барои эҳтиёҷоти низомӣ халал намерасонад, зеро дар замони шӯравӣ ҳам дар як қисмати корхона маҳсулоти таъиноти низомӣ ва дар қисмати дигараш маҳсулоти ниёзи ҳамарӯзаи мардум истеҳсол мегардид.
«Ин иқдом дар доираи СААД шояд ба он вобаста бошад, ки бо оғози фаъолият аз соли 1968 корхонаи «Заря Востока» дар бунёди комплексҳои саноатии энергетикаи атомии Иттиҳоди Шӯравӣ саҳми босазо гузошт ва дар сурати маблағгузории кофӣ, имрӯз ҳам барои истеҳсоли маҳсулоти таъиноти низомӣ имкон дорад», - гуфт ӯ.
Директори корхона зикр кард, ки мутобиқи созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия аз соли 2005, дар ҳамдастӣ бо Маркази федералии технологияҳои дугонаи «Союз»-и Русия корҳои безарар намудани партовҳои сӯзишвории дурушти мушакии дорои бериллий идома дошта, анҷоми корҳо соли 2015 дар назар аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста