Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия 9 нафар шаҳрвандони Тоҷикистону Русияро дар роҳандозии фаъолияти созмони байнулмилалии террористии «Ҳизб-ут-Таҳрир», ғайриқонунӣ нигоҳдории маводи таркандаву аслиҳа гумонбар медонанд.
Бино ба маълумоти сомонаи расмии Вазорати умури дохилии Русия, моҳи ноябри соли 2012 дар доираи як амалиёти фавиву ҷустуҷӯӣ кормандони мақомот 18 нафарро ба гумони узвияту ҳамкорӣ бо ин созмони террористӣ боздошт намуда, аз макони зисти онҳо норинҷаку аслиҳаи оташфишон, маводи таркандаву ба маблағи 1 млн. доллари ИМА пулҳои сохтаву қалбакӣ ва адабиёту дискҳои маводи таблиғотӣ дарёфт кардаанд.
Баъдтар пас аз боздошт намояндаи хадамоти матбуоти Сарраёсати ВКД Русия дар Ҳавзаи федералии Марказӣ ба хабаргузории РИА «Новости» иттилоъ дод, ки боздоштшудагон ба баргузории як амалиёти террористӣ дар роҳи оҳан соли 2010 омодагӣ гирифта будаанд.
«Саҳеҳан маълум шуд, ки онҳо амали террористӣ каме дуртар аз истгоҳи роҳи оҳани «Москва-Рижская»-ро зимни гузаштани қатораи мусофирбар санаи 4-уми ноябри соли 2010 тарҳрезӣ карда будаанд», - гуфта мешавад дар иттилои сомонаи ВКД Русия.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста