Прокуратураи генералии Тоҷикистон тафтиши парвандаҳои ҷиноии афродеро, ки пас аз рӯйдодҳои тобистони соли равон дар Хоруғ аз 25 июл то 20 декабр ихтиёрӣ аслиҳаро супурданд, қатъ кард.
Парвандаҳои ҷиноии мазкур мутобиқи моддаи 195-и КҶ ҶТ (Ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан, гирифта гаштани яроқ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш) боз шуда буданд.
Дар иттилоии пахшшудаи Прокуратураи генералии ҶТ зикр мегардад, ки дар ин хусус рӯзи 21-уми декабр аз ҷониби роҳбари гурӯҳи тафтишотӣ бо розигии муовини аввали прокурори генералӣ қарори дахлдор қабул шудааст.
Бино ба маълумоти иттилоия, дар зарфи 5 моҳ сокинони маҳаллӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ихтиёран ҳамагӣ 325 адад яроқҳои оташфишон ва миқдори зиёди лавозимот ва дигар муҳимоти ҷангиро супурданд, ки аз 105 адад автоматҳои Калашникови гуногунтамға, 5 адад пулемёти Калашников, 118 адад таппончаҳои гуногун, як миномёт, 7 адад норинҷакафкан, 3 адад милтиқи мерганӣ (снайперӣ), 22 ҳазор адад тирҳои гуногун, 159 адад снарядҳои гуногун, 3 адад минаҳо, 190 адад норинҷакҳо (гранатаҳо)-и дастӣ, 8 адад тротил, 800 гр. тротил, 80 кг. моддаи худсози тарканда ва дигар муҳимоти ҷангӣ иборат аст.
Ёдрас мекунем, ки 24-уми июл дар шаҳри Хоруғ ҷиҳати нобуд кардани қотилони генерали хадамоти махсуси ҷумҳурӣ Абдулло Назаров, ки санаи 21-уми июл дар ин шаҳр кушта шуда буд, амалиёти махсуси нерӯҳои ҳукуматӣ оғоз гардид. Пас аз амалиёт ҷиҳати таҳқиқи рӯйдодҳои моҳҳои июл-августи соли равон дар Хоруғ гурӯҳи тафтишотӣ таъсис дода шуд.
Дар ҳамин ҳол, яке аз аъзои гурӯҳи тафтишотии мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки имрӯз прокурори ВМКБ бояд тавассути телевизиони давлатӣ суханронӣ намуда, изҳорот дар бораи қатъи тафтиши парвандаҳои ҷиноӣ нисбати афроди ихтиёран аслиҳа супурдаро иброз намояд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста