Чанде қабл мулоқоти вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов, ки дар Қатар бо сафар қарор дошт, бо вазири корҳои дохилии Давлати Қатар Шайх Абдулло Насир Аттанӣ баргузор шуд. Дар мулоқоти мазкур Сафири Тоҷикистон дар Қатар Зубайдулло Зубайдов низ ширкат дошт.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни сӯҳбат масъалаҳои инкишофи муносибатҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Ҷонибҳо густариши ҳамкориҳоро дар самти мубориза бар зидди терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор ва дигар ҷиноятҳои муташаккилона муҳим ва зарурӣ ҳисобиданд.
Мусоҳибон оид ба вазъияти Афғонистон, ояндаи ин кишвар баъд аз хурӯҷи нерӯҳои НАТО дар соли 2014 табодули назар карданд.
Ҳамчунин мулоқоти Рамазон Раҳимов бо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Қатар истиқомат мекунанд, баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ 30 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон иштирок намуданд. Тавре ки ҳангоми сӯҳбат маълум гардид, онҳо дар сохторҳои давлатӣ ва хизматрасонии Қатар кор мекунанд. Шароити зиндагию кори онҳо хуб мебошад.
Рамазон Раҳимов зимни сӯҳбат иброз дошт, ки роҳбарияти Тоҷикистон ба кӯмаку дастгирӣ барои ҳалли масъалаҳои марбут ба шароити кору зиндагии онҳо ҳамеша омода аст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста