Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон оид ба ҳодисаи рӯзи 14-уми январ дар посгоҳи БДА-и Конибодом иттилои расмӣ пахш кард.
«Рӯзи 14 январи соли равон тахминан соати 15.30-дақиқа аз ҷониби кормандони БДА Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Конибодом автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» бо рақамҳои қайди транзитии таҳти идораи 2 нафар шахсони номаълум қарордошта боздошт гардида, барои тартиб додани протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба майдончаи ҷаримавии ШБДА оварда шуд», - зикр мегардад дар иттилоъ.
Дар идома қайд мешавад, ки ҳангоми азназаргузаронии автомашинаи зикргардида ронанда ва мусофири он ба сӯи кормандони ШБДА аз яроқи оташфишон тир холӣ карда, якеро ба ҳалокат расонидаву дигариро захмӣ ва ҷои ҳодиса фирор менамоянд.
Зикр мегардад, ки дар натиҷаи андешидани чорабиниҳо автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» ва ронандаву мусофири он муайян гардида, ҳангоми дастгир намудан ба кормандони милитсия муқобилияти мусаллаҳона нишон додаанд, ки дар натиҷа 1 нафар аъзои гурӯҳи террористӣ нобуд карда шудааст.
Бино ба маълумоти ВКД, аз ҷои ҳодиса яроқи оташфишон ва дигар лавозимоти ҷангӣ дарёфт шуда, барои дастгир намудани шахси дигар ва аъзои гурӯҳи террористӣ чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома доранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста