Марзбонони тоҷик аз як ҳодисаи навбатии умури марзи давлатӣ аз ҷониби қочоқбарони афғон ҷилавгирӣ намуданд.
Бино ба маълумоти Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ, шаби 2 ба 3-юми феврал дар яке аз посгоҳҳои марзии Панҷ сарҳадбонон як гурӯҳи марзшиканонро ба мушоҳида гирифтаанд. Сипас маълум шудааст, ки онҳо узви гурӯҳи қочоқбари маводи нашъаовари Малук валади Муллоанвар будаанд.
«Задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифта, яке аз қочоқбарон кушта ва ба боқимондагон муяссар шуд, дар торикии шаб худро ба қаламрави кишвари ҳамсоя паноҳ баранд», - гуфт манбаъ.
Зикр мегардад, ки субҳи 3-юми феврал аз ҷойи ҳодиса як карабин бо тирҳояш, якчанд адад воситахои алоқа ва ҳамчунин 20 кило маводи мухаддири гурӯҳи каннабис дарёфт шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста