Дар фурудгоҳи Борисполи шаҳри Киев собиқ нахуствазири Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонов боздошт шуд.
Бино ба маълумоти бахши тоҷикии хабаргузории Би-Би-Сӣ, ӯ аз ИМА ба Украина сафар доштааст. Сабаб ва ҷузъиёти боздошти Абдуллоҷонов ҳанӯз дақиқ шарҳ дода намешаванд.
Дар ҳамин ҳол, ба ОИ «Азия-Плюс» дар Прокуратураи генералии ҶТ ин далелро на тасдиқ сохтанду на рад, вале манбаъ таъкид намуд, ки Абдуллоҷонов барои кӯшиши табаддулоти давлатӣ мавриди пайгарди қонунии байнулмилалӣ эълон шуда буд.
Номи Абдумалик Абдуллоҷонов дар рӯйхати афроди аз ҷониби Тоҷикистон мавриди ҷустуҷӯ қарордоштаи Интерпол низ мавҷуд аст, аммо дар он ҷо ӯ ҳамчун Абдулоҷон Абдулоҷонов зикр гардидааст. Ӯ ҳамчун гумонбар ба ҷинояткории муташаккил ва терроризм мавриди пайгард қарор дорад.
Абдумалик Абдуллоҷонов яке аз шахсони маъруфи солҳои 90-и асри гузаштаи Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Соли 1992 ӯ нахуствазири Тоҷикистон таъин шуда, дар ин мансаб то моҳи декабри соли 1993 фаъолият дошт. Ӯ ҳамчунин ба ҳайси сафири Тоҷикистон дар Русия низ ифои вазифа намудааст.
Пас аз шикаст дар маъракаи интихоботи президентӣ дар соли 1994 ӯ Тоҷикистон тарк намуда, дар кишварҳои Ғарб зиндагӣ мекард.
Ҳамчунин тибқи маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, Абдуллоҷонов дар маблағгузории ошӯби полковник Маҳмуд Худоёбердиев низ гумонбар дониста мешавад, ки соли 1998 дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ фурӯ нишонда шуда буд. Солҳои ахир ӯ дар Лос-Анҷелеси ИМА ба сар мебурд.
Моҳи ноябри соли гузашта боз номи ӯ дар ВАО пайдо шуд. Мусоҳибаи ӯ дар бахши тоҷики сомонаи радиои Озодӣ ба табъ расид. Пайдо шудани Абдуллоҷонов дар сафҳаҳои матбуотро коршиносон ба маъракаи интихоботи президентии қарибулвуқӯъ дар Тоҷикистон рабт дода буданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста