Муфаттишони маскавӣ барои муайян кардани шахсияте, ки навраси 15-солаи тоҷик Муқим Абдуғаниевро ба қатл расонид, кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Бино ба иттилои хабаргузории newsru.com, ин ҷинояти дар макони серодами назди истгоҳи метрополитен содиршударо камераҳои видеоӣ сабт ва онро кормандони хадамоти таъмини амнияти марказӣ тиҷоратӣ мушоҳида доштаанд, вале аз дахолат ба он худдорӣ намудаанд.
Дар торнамои расмии Саараёсати тафтишоти Кумитаи тафтишоти Русия дар шаҳри Маскав гуфта мешавад, рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта, соати 22:30 дақиқа дар назди истгоҳи метрои «Петровско-Разумовская», ки дар рӯбарӯи мағозаи «Электромаркет» воқеъ аст, толибилми мактаб ба қатл расонида шудааст.
Бино ба маълумоти расонаҳои хабарии Русия, қабл аз ҳодиса миёни як гурӯҳи нварасон ва яке аз роҳгузарон муноқиша рух дода, он бо қатли навраси тоҷик анҷом пазируфтааст. Ҳарчанд муноқишаву занозанӣ муддати чанд дақиқа идома ёфта бошаду онро муҳофизони маркази тиҷоратӣ зери назорат дошта бошанд ҳам, вале касе ба кӯмак нашитофтааст.
Ҳангоме ки қотил корд зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад, ду нафар кормандони хадамоти амният бидуни ҳеҷ шитобе ба назди маҷрӯҳ меоянд. Аз хунравии зиёд баъди чанде наврас беҳуш гардида, сипас дар автомашинаи ёрии таъҷилӣ ба ҳалокат расидааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста