Як корманди мақомоти пулиси вилояти Твери Русия дар муноқишаи сари роҳ бо се нафар мард аз аслиҳаи ҷароҳатдеҳ истифода намуда, бар асари он ду нафар мунтақили бемористон ва ба ду тани дигар дар ҷойи ҳодиса кӯмаки тиббӣ расонида шудааст. Дар ин бора як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин минтақа иттилоъ додааст.
Московский комсомолетс менависад, қарибиҳои шоми рӯзи шанбе дар кӯчаи Пролетарскии шаҳри Твер корманди 33-солаи фаврӣ, майори пулис бинобар сабаби роҳ додан ба гузаштани автомашина бо се нафар шаҳрванди Тоҷикистон – марди 54-сола ва писарони 29 ва 31-солаи ӯ ба муноқиша даромехта, он то ба ҷанҷол расидааст ва пулис аз аслиҳаи худ истифода кардааст.
Ӯ ҳамчунин зикр кардааст, ки зимни ҷанҷол ба ҳарифони ӯ муяссар шудааст, ки аслиҳаи ӯро гиранд ва ба сӯяш чанд тир холӣ кунанд.
Ду нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба бемористон бистарӣ ва боз ба ду тан аз иштирокчиёни муноқиша дар ҷойи ҳодиса кӯмаки тиббӣ расонида шудааст. Манбаъ зикр кардааст, ки корманди пулис ҳушёр буда, машрубот истеъмол накардааст.
Дар ҳамин ҳол, хабаргузории РИА Новости иттилоъ медиҳад, ки дар маркази матбуоти ВКД Русия ин далелро тасдиқ намуда, хабар додаанд, ки аз рӯи он санҷиши хидматӣ ҷараён дорад ва дар сурати муайян шудани айби корманди пулис, нисбати ӯ чора андешида хоҳад шуд.
Бино ба маълумоти Раёсати минтақавии ВКД, корманди пулис ба гаражи воқеъ дар кӯчаи Пролетарский омада, аз чор нафари дар роҳ истода дархост мекунад, ки ба каноре раванд, вале онҳо розӣ нашуда, ба таҳқири корманд пардохтаанд. «Сипас ӯ автомашинаи худро гузошта, пиёда ба гараж ворид шудааст. Ин чор нафар низ аз паси ӯ равона шуда, дар гараж табареро дарёфт ва бо он ба сари корманди пулис зарба задаанд», - гуфта мешавад дар хабар.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста