Собиқ сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ Бахтиёр Сатторӣ, ки моҳи феврал бар асари ҳамла ба ӯ аз зарби корд ҷароҳат бардошта буд, аз бемористон рухсатӣ шуда, дар хонааш табобат мегирад.
Ёдрас мекунем, ки шоми 19-уми феврали соли ҷорӣ собиқ сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия Бахтиёр Сатторӣ дар шаҳри Маскав мавриди ҳамлаи афроди номаълум қарор гирифта, бо ҷароҳатҳои зиёд аз корд ба бемористон мунтақил шуда буд. Журналист тахминан соатҳои 23 аз манзили иҷорааш барои харидани тамоку ба берун баромада, мавриди ҳуҷуми шахсони номаълум қарор гирифт.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» худи Сатторӣ иттилоъ дод, захмҳои шикам рӯ ба беҳбудӣ оварда, аммо захмҳои рӯй ҳоло ҳам мисли пештараанд. Ҳамчунин ӯ илова намуд, ки дар прокуратураи шаҳри Маскав ин қазияро баррасӣ доранд, аммо ӯ аз ҷараёни тафтишот огоҳ нест, зеро то ҳанӯз барои додани баёнот даъват нашудааст.
Дар мусоҳибаи нахусти худ пас аз ин ҳодиса ба радиои «Озодӣ» Бахтиёр Сатторӣ дархост намуда буд, ки атрофи ин қазия сарусадои зиёд барпо кардан лозим нест. «Ман наметавонам бигӯям, ки ба ин амал одамони ҳукумат даст задаанд ё дигарон. Шояд ин як иғвое аз ҷониби мухолифин буд», - тахмин зада буд Сатторӣ.
Тайи солҳои ахир Бахтиёр Сатторӣ ба ҳайси сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав ифои вазифа намуда, дар ҳамон ҷо шаҳрвандии Русияро соҳиб шудааст. Соли гузашта бо сабабҳои номаълум ӯ аз мансаб барканор гардида, ҳарчанд чандин маротиба ҷиҳати барқарор шуданаш дар вазифа бо мактуб ба президент Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат карда бошад ҳам, дигар сари мансаб барнагашт. Сипас ӯ ба сафи мухолифини тоҷик пайваста, бо пешвои созмони мухолифи «Гурӯҳи-24» Умаралӣ Қувватов ҳамкориро оғоз намуд.
Қобили зикр аст, ки ҳомии ҳуқуқи Русия Николай Николаев ҳодисаи суиқасд ба ҷони собиқ сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия ва феълан мухолифи ҳукумат Бахтиёр Сатториро фармоиши сиёсӣ унвон кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста