Президенти Русия Владимир Путин Созишномаи ҳузури минбаъдаи пойгоҳи низомии 201 дар қаламрави Тоҷикистонро барои тасдиқ ба Думаи Давлатӣ ирсол намуд.
Бино ба иттилои хабаргузории РИА Новости, санади мазкур рӯзи сешанбе дар портали расмии иттилооти ҳуқуқии ҳукумати Русия интишор шудааст.
Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон соли 2004 таъсис ёфта, моҳи октябри соли 2012 Маскаву Душанбеи расмӣ оид ба тамдиди муҳлати ҳузури низомиёни рус дар қламрави Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд. Созишномаи зикршуда ба ивази созишномаи амалкунанда, ки муҳлаташ соли 2014 ба итмом мерасад, таҳия шуд.
Моҳи октябри соли равон Маскав ҳамчунин ҷорисозиии реҷаи имтиёзнок барои муҳоҷирони тоҷик, бекор кардани боҷи содиротӣ барои маҳсулоти нафтӣ, ҷудо кардани воситаҳо барои бо аслиҳа таъмини кардани Артиши Тоҷикистон ва баррасии имкони маблағгузорӣ ба сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ дар ҷумҳуриро ваъда дод.
Рӯзи сешанбеи ҳафтаи равон рӯзномаи «Коммерсант» иттилоъ дод, ки Тоҷикистон аз Русия барасмиятдарории тавофуқҳои шифоҳӣ дар бораи бо аслиҳа таъмини кардани Артиши Тоҷикистон ва баррасии имкони маблағгузорӣ ба рушди бахши гидроэнергетикаи ҷумҳуриро талаб кардааст. Ғайр аз ин, навиштааст рӯзнома, дар Душанбе хостори аз 200 млн. доллари ИМА зиёдтар ба даст овардани маблағ барои бо аслиҳа таъмин намудани Қувваҳои Мусаллаҳ мебошанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста