Дар шаҳри Ростови лаби Дон мақомоти пулиси Русия 15 нафар шаҳрванди Тоҷикистонро ба гумони таҷовуз ба номуси як сокини Украина боздошт кард.
Бино ба иттилои хабаргузории «Интерфакс» ба истинод ба як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дар минтақаи саноатии шаҳри Ростов ҷиҳати боздошти як гурӯҳи тоҷикистониён, ки ба амалҳои зӯроварӣ нисбати як зане аз Украина гумонбар дониста мешуданд, чорабиниҳои фаврӣ гузаронида шуда, онҳо ҳамроҳ дар як майдони сохтмонӣ машғули кор будаанд.
Дар хадамоти матбуоти Сарраёсати ВКД Русия дар вилояти Ростов ба хабаргузории NEWSru.com хабари боздошти 15 шаҳрванди Тоҷикистонро тасдиқ намудаанд.
Дар ҳамин ҳол, дар хадамоти матбуоти Раёсати тафтишоти Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Ростов гуфтаанд, тоҷикони боздоштшуда дар таҷовуз ба номуси зан гумонбар дониста намешаванд.
«Дарвоқеъ ҳам як гурӯҳ тоҷикон дар шаҳри Ростови лаби Дон боздошт шудаанд, вале онҳо дар таҷорвуз ба номуси зан гумонбар дониста намешаванд. Муайян шудааст, ки ин зан шаҳрванди Украина нест», - изҳор кардаанд дар хадамоти матбуоти мазкур.
Сафорати Тоҷикистон дар Русия сабаб ва ҳолатҳои боздошти шаҳрвандони тоҷик дар Ростови лаби Донро мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор додааст.
«Тибқи қонунгузори мавҷуда, мақомоти дахлдори Русия бояд дар муддати 72 соат сафоратро дар бораи ин ҳодиса огоҳ месохтанд, аммо онҳо то ҳанӯз ба мо дар ин хусус хабар надодаанд», - хабар дод ба ОИ «Азия-Плюс» шоми 31-уми март намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳамад Эгамзод.
Ба қавли вай, сарфи назар аз чунин ҳолат, худи ҳамон рӯз бо супориши роҳбари хадамоти консулгарии сафорат Садбарг Ғаниева кормандони масъули сафорат бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Ростов дар тамос шуда, онҳо боздошти 15 шаҳрванди Тоҷикистонро тасдиқ намудаанд.
«Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Ростов бегуноҳ будани шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистонро изҳор намуд», - таъкид кард М.Эгамзод.
Номбурда афзуд, айни замони шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон аз ҷониби намояндагони Хадамоти муҳоҷирати вилояти Ростов мавриди бозпурсӣ қарор доранд.




Дар Душанбе куҷо метавон ҳуҷҷатро ба таври расмӣ тасдиқ кард? Маълумот дар бораи идораҳои нотариалии пойтахт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 марти соли 2026
Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон
Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Коршинос: “Гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад боз 40% зиёд шавад”
“Мушкил бартараф шуд ва ҳоло ҳама хидматрасониҳо дастрасанд ”. “Душанбе Сити Бонк” ҳамлаи DdoS ба пойгоҳҳояшро шарҳ дод
Зиндагӣ миёни пули интиқолӣ. Чаро барои сокинони деҳоти Тоҷикистон саводнокии молиявӣ зарур аст?
Амрико барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ ва чанд мақомдори Эрон то $10 млн ҷоиза таъин кардааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
“Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ”. Имсол Шаби қадр кай аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста