Понздаҳ нафар кормандони Кумитаи ҳифзи сарҳадоти сарҳади давлатии ҶТ дар семинари серӯза оид ба бехатарии ҳуҷҷатгузорӣ ширкат менамоянд.
Бино ба иттилои Дафтари Иттиҳоди Аврупо дар ҶТ, семинари мазкур аз ҷониби Барномаи БОМКA (сарпарасташ - Иттиҳоди Аврупо, иҷрокунанда - БРСММ) дар ҳамкорӣ бо Маркази Байналмилалии Сиёсати Рушди Муҳоҷират (МБСРМ) ташкил карда шудааст.
Дар ҷараёни семинар, ду мутахассис аз Иттиҳоди Аврупо (аз кишварҳои Словакия ва Австрия) ба иштирокчиёни семинар оиди системаи аврупоии назорати ҳуҷҷатҳо, ҳамчунин дар мавзӯъҳои дастовардҳои навтарин дар бахши бехатарӣ ва муккамал будани ҳуҷҷатҳо маълумот хоҳанд дод. Мавзӯъҳои зерин, усулҳои муқаррарии чопкунӣ, технологияи рақамии чопкунӣ ва зинаҳои тайёркунии паспорт низ дар рафти семинар баррасӣ хоҳанд гардид.
Ҳадафи семинари мазкур ин таъмин намудани муқаррароти зинаи дуюми таҳияи ҳуҷҷатгузорӣ, ки ба системаи аврупоии сезинагии ҳуҷҷатгузорӣ асос ёфтааст, мебошад. Кормандони салоҳиятдори назорати марзӣ, ки дорои таҷриба ва дониши кофӣ оиди бехатарии ҳуҷҷатгузорӣ мебошанд, дар семинари мазкур бо кори амалӣ, яъне ҳуҷҷатҳо ва ҳолатҳои воқеӣ машғул хоҳанд шуд.
Ҳадафи барномаи БОМКА ин кӯмак намудан дар такмили бехатарӣ дар Осиёи Марказӣ, мусоидат намудан дар қонунӣ гардонидани тиҷорат ва транзит ва ҳамчунин пешгирӣ намудани убури ғайриқонунии одамон тавассути сарҳадоти Осиёи Марказӣ мебошад.
Барномаи БОМКA аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ гардида ва фаъолиятҳои он тавассути БРСММ ва Маркази Байналмилалии Сиёсати Рушди Муҳоҷират (МБСРМ) амалӣ мешавад.



Раиси ҷамъияти тоҷикон дар Пермро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд
“Паём ба Чину Русияву Эрон ва таҳдид ба низоми ҷаҳон”. Рабудани раисҷумҳури Венесуэла аз сӯйи Амрико чӣ паёмад дорад?
Нархи парасторӣ дар кӯдакистонҳои давлатӣ боло рафт
Аз Асланшоҳ Раҳматуллоев ва Кароматуллоҳи Мирзо то “Зорро” ва Шариф Назаров. Дар соли 2025 миллати тоҷик киҳоро аз даст дод?
Русия мегӯяд, дар 11 моҳи соли гузашта беш аз 54 ҳазор муҳоҷирро ихроҷ кардааст
Боздошти ҷавоне дар Муъминобод бо гумони куштори ҳамсари собиқаш
Рустам Ятимов - бозингари сол дар мусобиқоти Ҷоми Русия
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Паррандаи сабзи ишқ”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 7
Соли 2026 муҳоҷиронро дар Русия чӣ интизор аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 январи соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста