Дар робита ба изҳороти сафири ИМА дар ҶТ Эллиот Сюзан дар мавриди ҷалби Бюрои федералии тафтишотӣ (ФБР) ба ҷустуҷӯи духтрони хурдсоли дар Душанбе бедаракшуда Малика ва Сабина Араловаҳо коршиноси масоили амният Олимҷон Самиев гуфт, кӯмаки кормандониФБР дар ин ҳолат сирф техникӣ хоҳад буд.
«Яъне кормандони Бюрои ФБР дар Қазоқистон бо таҷҳизоту дастгоҳҳои худ ба ин ҷо омада, кӯмаки техникӣ мерасонанд ва дар ин хусус машварат медиҳанд», - иброз дошт ӯ.
Ба гуфтаи Самиев, кормандони ФБР ба ҷустуҷӯи мустақилона ҳуқуқ надоранд, зеро мутобиқи моддаи 13-и Қонуни ҶТ «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ», дар қаламрави Тоҷикистон ба роҳандозии фаъолияти ҷустуҷӯӣ танҳо воҳидҳои оперативии кишвар ҳуқуқ доранд.
Ба андешаи коршинос, дар ин самт қабули қонун дар бораи агентиҳои хусусии посбонӣ ва детективӣ мувофиқи мақсад аст, ки ба ҷустуҷӯи мустақилонаи хусусӣ низ имкон фароҳам месозад ва дар аксари ҳолатҳо фаъолияти он нисбат ба фаъолияти аз ҳад зиёди бардӯшдоштаи мақомоти расмӣ муассиртар мебошад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста