Чанде пештар як ҳайати Вазорати корҳои дохилии ҶТ таҳти сарварии муовини Вазир, генерал-майори милитсия Саид Ҷӯрахонов бо мақсади тақвият бахшидан ба ҳамкориҳои босамари кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо аҳолӣ, тибқи Барномаи «Ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳамкорӣ бо ҷомеъа», аз тарафи ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Эмерҷенс гурӯҳ» ба ИМА сафар карданд.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар ин сафар ҳайати кории ВКД ҶТ аз Департаменти давлатии ИМА, биноҳои маъмурии «Метрополис», шӯъбаи 6-уми минтақавии политсияи Вашингтон, «Капитолполис» «Агентии назоратӣ оид ба маводи нашъадор» дидан намуда, бо роҳбарон ва намояндагони идораҳои давлатӣ ва сохторҳои қудратии Амрико, аз ҷумла бо Директори шӯъбаи аврупо ва осиёии Департаменти давлатии ИМА, дар мавзӯи муборизаи дастаҷамъона алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, раванди татбиқи Ислоҳоти милитсия дар Тоҷикистон, инчунин аз фаъолияти кормандони идораҳои дар боло номбурда шинос ва бо масъулини он оиди ҳамкории политсия бо ҷомеа сӯҳбату вохӯрӣ намуданд.
Зимни сӯҳбату мулоқотҳо ва суханронии ҳайати намояндагии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳо вобаста ба ҳамкорӣ, таҷриба ва роҳҳои мубодилаи афкории кормандони милитсия бо ҷомеа арзёбӣ гардид, ки он аз ҷониби ҳампешагони америкоӣ мавриди истиқбол қарор гирифт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста