Роҳбари бахши минтақавии хадамоти таъмини амниятии назди Сафорати ИМА дар Тоҷикистон Патрик Беллингер 20 корманди Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди президентии Тоҷикистонро бо хатми курси таълимии «Такмили ихтисоси омӯзгорон» табрик намуд.
Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, курси мазкур дар доираи фаоъолиятҳои Барномаи ёрии зиддитеррористӣ (ATA) омода гардида шуд.
Ба иттилои манбаъ, курси номбаршуда аз мавзӯъҳои омода намудани системаи омӯзишӣ, малакаҳои равобит ва баромад, банақшагирӣ ва омода намудани дарсҳои омӯзишӣ иборат буд Инчунин, дар давоми таълим иштирокчиён бо мавзӯъҳои гуногун оид ба масоили терроризм ва зиддитерроризм шинос шуданд.
Ҷаноби Беллингер қайд намуд,ки курси таълимии «Такмили ихтисоси омӯзгорон» яке аз силсилаи курсҳои омӯзишии Барномаи ёрии зиддитеррористии (АТА) барои соли 2013 ба нақша гирифта буда, бо дастгирии Сафорати ИМА гузаронида мешавад. Эшон инчунин ба иштирокчиёни курс барои кӯшишу талошҳои ҳаррӯзаашон дар мубориза алайҳи терроризм изҳори миннатдорӣ намуда, саҳми онҳоро дар таълими муттахассисони нави хадамоти ҳифзи ҳуқуқ қайд намуд.
Дафтари Барномаи ёрии зиддитеррористӣ соли 1983 дар назди Идораи амнияти дипломатии Департаменти давлатии ИМА таъсис дода шудааст. Он механизми асосии Ҳукумати ИМА баҳри таъмин намудани барномаҳои омӯзишӣ, таҷҳизот ва технология барои давлатҳои ҳамшарики ИМА, ки алайҳи терроризм мубориза мебаранд, мебошад.
Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардустона барои дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро маблағи беш аз 1миллиард доллари ИМА ҷудо намудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста