Шӯрои Федератсия рӯзи 27-уми апрел созишнома миёни Русияву Тоҷикистон дар бораи мақом ва шартҳои ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистонро ба тасвиб расонид.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Шӯрои Маҷлиси федералии ФР, созишномаро муовини раиси Кумитаи Шӯрои федератсия оид ба умури байнулмилалӣ Владимир Ҷабборов муаррифӣ намуда, муқаррароти он дар сатҳи байнидавлатӣ танзими ҳуқуқии масоили марбут ба ҷойгиршавӣ ва фаъолияти пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави ҷумҳуриро таъмин мекунад. Дар санад ҳузури дарозмуҳлати низомии Русия дар Тоҷикистон тасдиқ мегардад.
Дар созишнома тартиби истифодаи ҷузъу томҳои пойгоҳ дар ҳамкории мутақобила бо нерӯҳои низомии Тоҷикистон, дигар ниҳодҳои низомии Тоҷикистон баҳри ҳифзи истиқлолият ва таъмини амнияти кишвар, масъалаҳои истифодаи аслиҳа, фаъолияти иншооти пойгоҳ, шарт ва истифодаи қитъаҳои замин, мақоми ҳайати шахсии пойгоҳ, аъзои оилаи онҳо, хизматчиёни ҳарбӣ ва ҳайати шахсии мулкӣ муайян карда шудааст.
Дар ҳуҷҷат зикр шудааст, ки Русия ҳайат ва макони будубоши пойгоҳи низомиро дар мувофиқа бо Тоҷикистон муайян карда, дар муддати 5 сол масъалаи аз қаламрави шаҳрҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа хориҷ кардани ҷузъу томҳои пойгоҳро баррасӣ ва ҳаллу фасл мекунад.
Дар созишнома гуфта мешавад, пойгоҳи низомӣ мақоми намояндагии дипломатӣ ва ҳайати шахсиву аъзои оилаи онҳо мақоми ҳайати шахсии маъмурӣ-фаннии намояндагии дипломатиро доро мебошанд. Созишнома ба муҳлати 49 сол бо оғози амал аз 25-уми майи соли 1993 ба имзо расидааст.
Дар ҳамин ҳол, ин созишнома то ҳанӯз аз ҷониби палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон тасдиқ нашудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста