Дар натиҷаи се амалиёти махсуси кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дар қаламрави ВМКБ ва вилояти Хатлон аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 65 кило маводи мухаддир мусодира карда шуд.
Тавре аз шуъбаи робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ хабар доданд, кормандони Кумита ҳамчунин аз кӯшиши интиқоли миқдори зиёди маводи нашъаовар аз Афғонистон тариқи қаламрави ноҳияи Қумсангир низ ҷилавгирӣ намуданд.
«Дар ҷараёни як амалиёт қочоқбарони афғон муқовимати мусаллаҳона нишон дода, ба қаламрави кишвари ҳамсоя баргаштанд ва аз ҷойи ҳодиса ҳудуди 62 кило маводи мухаддир дарёфт шуд, ки ҳудуди 59 килояшро маводи мухаддири ҳашиш ва беш аз 3 килояшро героин ташкил дод», - гуфт манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, дар ВМКБ ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини 28-солаи деҳаи Барчиди ноҳияи Шуғнон боздошт шудааст, ки аз ӯ ҳудуди 3 кило ҳашиш ва героин дарёфт ва мусодира гардидааст.
«Сокини ноҳияи Шуғнони ВМКБ Ҷасур Мамадризоев дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ба ивази даҳ шиша арақ аз шаҳрванди Афғонистон Фирӯз ҳудуди 385 грамм ҳашиши гирифта, бо маводи мухадир боздошт гардид», - гуфтанд дар Кумита.
Қобили зикр аст, ки соли равон кормандони КДАМ ҶТ аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 950 кило маводи мухаддирро мусодира намуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста