14 нафар маҳбусони афғон аз Тоҷикистон ба ватан истирдод шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ хабар дод, истирдод ҳафтаи гузашта тибқи созишномаи байниҳукуматии соли 2006 баимзорасида оид ба истирдоди маҳбусон барои адои ҷазо дар ватан сурат гирифт.
«Ин маҳбусон асосан ба убури ғайриқонуии марзи давлатӣ муттаҳам дониста шуда, дар маҷмӯъ зиндониёне истирдод мешаванд, ки ба ҷиноятҳои ниҳоят вазнин даст назадаанд», - иброз дошт сарчашмаи хабар ва дар ҳамин ҳол, мушаххасан дар бораи шумори умумии маҳбусони аз Тоҷикистон истирдодшуда аз замони имзои созишнома маълумот надод.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, аз замони имзои созишномаи зикршуда даҳ нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Афғонистон ба ватан истирдод шудаанд. Айни замон дар зиндонҳои кишвари ҳамсоя 9 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон – 6 нафар дар маҳбасхонаи Пули Чархӣ ва 3 нафар дар зиндони Қундуз қарор доранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста