Бинои нав барои дастаи марзбонон имрӯз дар ноҳияи Ғончии вилояти Суғд мавриди истифода қарор гирифт.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори хадамоти матбуоти Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ Хушнуд Раҳматуллоев хабар дод, дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои нав раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода, раиси КДАМ ҶТ Саймӯмин Ятимов ва фармондеҳи нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ Шералӣ Мирзо ширкат варзиданд.
Ба гуфтаи Х.Раҳматуллоев, бинои нав барои марзбонон аз ҷониби Раёсати сохтмони Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон бунёд карда шуд.
Номбурда афзуд, дар бинои нав барои дастаи марзбонон дар ноҳияи Ғончӣ манзили зист барои афсарон, биноҳои истиқоматӣ барои сарбозон, ҳаммом, ҳуҷараи лисбосшӯйӣ, ошхонаи муосир ва дигар иншооти зербинои зарурӣ мавҷуданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста