Ҳавопаймои «Боинг-737»-и ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» , ки субҳи имрӯз аз фурудгоҳи Домодедово ба Хуҷанд раҳсипор шуда, бинобар ҳолати ғайримунтазира дар вақти муқаррарӣ фуруд омада натавонист, соати 09:57 дақиқа бидуни мушкилот ба майдони ҳавоӣ фуруд омад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти диспетчерии Фурудгоҳи байнулмилалии Хуҷанд хабар доданд, зимни нишаст ҳеҷ мушкилоте рӯйи кор наомада, барои расонидани кӯмак ба мусофирону ҳайати халабонон ҳеҷ зарурате пайдо нашудааст. «Ба истифодаи кӯмаки гурӯҳҳои хадамоти оташнишонӣ ва кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода низ зарурате пайдо нашуд», - гуфтанд дар фурудгоҳ.
Қобили зикр аст, ки ҳавопаймои ширкати «Тоҷик Эйр» барои масраф кардани сӯзишворӣ муддати се соат дар фазои шаҳр парвоз намуд. Ба иллати кафидани шинаи шассии пояи тарафи рост ҳавопаймо имкони фуруд омаданро надошт. Дар ҳавопаймо 83 нафар мусофирону ҳайати халабонон қарор доштанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста