Вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев дар номаи расмӣ нисбати муроҷиати шаҳрванди ҷумҳурӣ Рустам Гулов дар бораи «облаваҳо» (дастгиру зӯран ба артиш сафарбар кардан), эътироф намуд, ки воқеъан ҳам дар ҷумҳурӣ чунин далелҳо ҷой доранд.
Дар ин бора Рустам Гулов дар блоги худ хабар медиҳад. Посухи расмиро аз вазир ӯ санаи 29-уми май гирифтааст. «Дар сархати чорум вазир ҷой доштани ин далелҳоро тасдиқ карда, онро «иҳотагирӣ» ном мебарад», - иброз доштааст Гулов.
Дар посухи вазири мудофиа, ки дар блог ҷой дода шудааст, Хайруллоев мушаххасан зикр мекунад, ки сабаби асосии дастгир ва зӯран ба хизмати ҳарбӣ фиристодани ҷавонон, саркашӣ намудани онҳо аз хизмати ҳарбӣ аст. «Ҳангоми саркашӣ намудан ва ҳозир нашудани даъватшаванда ба комиссияи даъват, кормандони шӯъбаи корҳои дохилӣ ӯҳдадоранд, онҳоро боздошт намоянд», - гуфтааст вазир.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста