Сарвари Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Рустам Назаров аз 6-ум то 8-уми июл дар сафари хизматӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарор дошт.
Бино ба иттилои торнамои Агентӣ, дар рафти сафари кории худ Назаров ҳисоботи роҳбарият ва ҳайати шахсии Раёсати Агентӣ дар ВМКБ-ро оид ба натиҷаҳои корӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ, дар бораи назорати қатъӣ аз болои фаъолияти гурӯҳҳои мутташаккили ҷиноӣ, ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят ва манотиқи ҳамсарҳад бо Ҷумҳурии исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баррсӣ кард.
Дар ҷараёни боздид санҷиши омодагии Раёсат ва шӯъбаҳои он дар ноҳияҳои Мурғоб ва Ишкошим ба давраи зимистон гузаронида шуд. Ҳамчунин вазъи хизмати кормандони Агентӣ, ки дар доираи амалиёти ҷумҳуриявии «Кӯкнор - 2013» дар посбонгоҳ ва гузаргоҳҳои назоратии ноҳияҳои Ҷиргатол, Мурғоб, Ишкошим, Рӯшон ва Дарвоз фаъолият мебаранд, аз назар гузаронида шуд.
Дар доираи сафари худ Рустам Назаров дар ҳудуди вилояти Оши Ҷумҳурии Қирғизистон бо муовини аввали Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари Ҷумҳурии Қирғизистон Ғ. Анарбаев дидору гуфтугӯ кард. Зимни вохӯрӣ масоили ҳамкориҳои мақомоти зиддимухаддиротии ду кишвар ва рафти корҳои қатъ намудани фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноӣ муҳокима шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста