Зимни як амалиёти пулиси афғон дар вилояти Қундуз шаҳрванди Тоҷикистон Башир Аҳмад ва ҳафт тан аз ҷангиёни маҳаллӣ кушта шуданд.
Бино ба иттилои хабаргузории Афганистан.Ру, ин воқеъа рӯзи 14-уми июл дар вулусволии Имом-Соҳиби вилояти минтақаи шимоли Афғонистон ба вуқӯъ пайвастааст.
Ба гуфтаи сухангӯи мақомоти пулиси вилояти Қундуз Сарвар Ҳусейнӣ, даргирии мусаллаҳона миёни ҷангиёни мусаллаҳи мухолиф ва мақомоти пулиси афғон муддати 3 соат давом кардаааст, ки аз ҷониби ҷангиён шаҳрванди Тоҷикистон Башир Аҳмад низ муқовимат нишон додааст.
Гуфта мешавад, пас аз ҳуҷуми навбатии ҷангиёни мухолиф ба қатори автомашинаҳои пулис, дар бораи баргузор намудани ин амалиёт тасмим гирифта шудааст.
Дар ҳамин ҳол, дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон айни замон ин маълумот мавриди таҳқиқ қарор дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста