Пешвои созмони ифротгарои динии «Ансоруллоҳ» дар Тоҷикистон, сокини 60-солаи деҳаи Самсолиқи ноҳияи Нуробод Амриддин Табаров таҳти пайгарди байнулмилалӣ эълон шудааст. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти хабарӣ вазири корҳои дохилии ҶТ Рамазон Раҳимов хабар дод.
Дар ҳамин ҳол, дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД генрал-майор Ҷӯрахон Зойиров дар ин робита изҳор кард, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ Табаров яке аз афроди наздики пешвои Иттиҳоди мухолифини тоҷик Саид Абуллои Нурӣ ба шумор мерафт.
«Маҳз Табаров 20 сол қабл ҳамлаи муҷоҳидон ба дастаи 12-уми сарҳадбонони Русияро созмон дод, ки бар асари он марзбонони рус ба талафоти зиёд дучор шуданд», - зикр кард генерал Зойиров.
Ба қавли ӯ, пас аз расидан ба сулҳ А.Табаров ба шартҳои созишнома розӣ нашуда, Тоҷикистонро тарк кард ва ба ҷонибдорони Ҳаракати исломии Ӯзбекистон дар Афғонистону Покистон бипайваст. «Сипас аз сафи ҲИӮ низ хориҷ шуда, созмони ифротгарои динии «Ансоруллоҳ» дар Тоҷикистонро таъсис дод», - афзуд Зойиров.
Қобили зикр аст, ки моҳи майи соли 2012 Суди олии Тоҷикистон фаъолияти ин созмон дар қаламрави кишварро ғайриқонунӣ ва мамнӯъ эълон кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста