Прокурори вилояти Суғд Шариф Қурбонов зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки 58 нафар сокинони вилоят ба фаъолият дар созмону гурӯҳҳои ифротгаро даст доранд.
Ба гуфтаи ӯ, нимсолаи аввали соли равон мақомоти прокуратураи вилоят дар ҳамдастӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ робитаи 58 нафар сокинои вилоятро бо фаъолияти ҳаракатҳои ифротгарое чун «Ансоруллоҳ» ва «Ҷундуллоҳ» ошкор сохт.
«Нисбати 28 нафар аз ин шумор парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда, ба суд ирсол гардиданд, 30 нафари боқимонда ба ҷустуҷӯи байнулмилалӣ эълон шуда, як узви ҷамъияти «Ансоруллоҳ» дар Қирғизистон боздошт шуд», - иброз дошт прокурори вилоят.
Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки дар ҳамин давраи соли гузашта ба гумони узвият дар созмону ҳизбҳои ифротгаро нисбати 56 тан аз сокинони вилоят парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда, 54 нафар ба фаъолият дар Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ва 2 нафар дар «Ҳизб-ут-Таҳрир» даст доштанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста