Маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бораи яке аз наздикони пешвои марҳуми ҲНИТ ва ИНОТ Сайид Абуддлоҳи Нурӣ будани роҳбари созмони ифротгарои «Ансоруллоҳ» дар Тоҷикистон, сокини деҳаи Самсолиқи ноҳияи Нуробод Амриддин Табаров, ки таҳти пайгарди байнулмилалӣ эълон шудааст, асоси воқеъӣ надорад. Дар ин бора зимни мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайит изҳори назар кард.
Ба гуфтаи ӯ, Табаров ҳанӯз соли 1994 аз сафи ҲНИТ ва Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсияи тоҷик (ИНОТ) хориҷ шуда буд. «Табаров ба нишони эътироз ба мавқеи ИНОТ таҳти сарварии Саийид Абуллоҳи Нурӣ бобати оғози гуфтушунид бо ҳукуматдорони расмии Душанбе оид ба расидан ба сулҳу созиш чунин тасмим гирифта буд», - мегӯяд М.Ҳайит.
«Дар сафҳои ИНОТ афроди ҷудогонае қотеъона мухолифи гуфтушунид бо Душанбеи расмӣ буданд ва онҳо ҳамон замон сафҳои моро тарк гуфта буданд», - зикр кард муовини раиси ҲНИТ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста