Ҷаласаи навбатии ҳайати муштараки вазоратҳои корҳои дохилии Русия ва Тоҷикистон 27-уми август дар Маскав баргузор мешавад.
Тавре ба Хабаргузории «Азия-Плюс» дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ҷаласаи ҳайати муштараки ВКД-и ду кишвар масоили марбут ба ҳамохангии ду ниҳоди қудратӣ дар мубориза бо терроризм ва экстремизми байналмилалӣ, ҷинояткории фаромиллӣ ва гардиши ғайриконунии воситаҳои нашъаовар мавриди муҳокима қарор хоҳанд гирифт.
Тибқи иттилои вазорат, имрӯз вазифаи асосии ду ниҳоди ҳифзи ҳуқуқ табодули иттилои муҳиму таъҷилӣ байни давлатҳо маҳсуб мешавад. Ин амал ба онҳо имкон медиҳад, ки саривақт аз амалҳои таҳдидомези ташкилотҳои байналмилалии террористӣ ва экстремистӣ чораву тадбирҳо андешида шаванд.
Ёдрас мекунем, ки дар ҷараёни нишасти хабарӣ, 19-уми июл вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки дар нимаи аввали соли ҷорӣ дар натиҷаи панҷ амалиёти муштараки доирнамудаи кормандони ВКД-и Тоҷикистон ва Русия, аз гардиши ғайриқонунӣ беш аз 50 кг ҳероин мусодира карда шудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста